Захролудшави бо замбуругхо Т62.0

Берунории файл

Захролудшави бо замбуругхо (Т 62.0)

Пешгуфтор. Барои кудакон бисёре аз замбуругхо нисбат ба калонсолон бештар хатарнок мебошанд, аз ин сабаб истеъмоли хатто замбуругхои «хуб»-ро ба кудакон махдуд бояд намуд. Замбуругхо хамчун чамъкунандаи (акамулятор) моддахои захрнок (металхои вазнин, пеститсидхо, радионуклеидхо) метавонанд хамчун хатар  тахдид намоянд. Сабабхои асосии захролудшавии кудакон бо занбуругхо инхоянд:

- захрнокии занбуругхо, ки аз мавчудияти токсинхо вобастаги;

- дурудароз нигох доштани  замбуругхои чамъовардашуда бе коркарди кулинарии онхо, ё ин ки нигохдории дурдарози замбуругхои тайёркардашуда;

- иллатнокшавии замбуругхо  аз чониби зиёнкорон, аз чумла пашахои замбуруги;

- истеьмоли якчояи якчанд намуди замбуругхо (мисол поруги - Сорzzinus) бо машруботи спирти;

- дар мархилаи инкишофи замбуругхо, дар танаи боровари он чамъ шудани моддахои ба организм зарарасон (металхои вазнин  ва гайрахо).

- истеъмоли зуд-зуди замбуругхо аз оилаи Сморчковхо (Mochellaceaae.) дар хурока.

- истеъмоли аз хад зиёди замбуругхо, хатто навъи якум, барои организм зараровар аст, чунки занбуругхо гизои мушкилхалшаванда буда, мавчуд будани хачми зиёди нимхалшудаи замбуругхо дар меъдаву рудахо метавонад захролудшавии баданро ба миён орад.

Максад: расонидани кумаки бетаъхир хангоми захролудшави бо замбуругхо.

Популятсия: кудакон.

Истифодабарандагон: табибони эхёгар, токсикологхо, табибони кудакона, оилави ва дигар ихтисосхо.

Чорахои аввалини ёрирасони

Чорахои табобати бояд ба харчи зудтар аз организм берун кардани замбуругхои захрнок равона карда шаванд. Новобаста аз вакте, ки аз лахзаи захролудшави гузаштааст,  меъдаро тавассути мисбор бо 10 - 15 литр оби харораташ хонаги мешуянд ва 30 – 50 г ангишти фаъол ворид менамоянд. Хамчунин исхоловари намакини дахониро истифода (30 – 40 гр магний ё сулфати натрий, ки дар 150 -200 мл об хал карда шудааст) ист ифода мебаранд. хукнагузории тозакунанда ва сифониро анчом медиханд. Ба пешобронии босуръат огоз менамоянд: ба варид махлулхо ва 2-4мг/кг лазикс мегузаронанд (пас аз 1-2 л моъеи гузаронидашуда).  Моъеи талафшударо бо воситаи нушидани  махлули зиёди Рингер, бо таври катрави гузаронидани махлулхои калий, натрий дар шакли дисол ё трисол, махлули 5% глюкоза, 0,9% хлориди натрий пурра гардонида мешавад. Хангоми кайкунии такрори ва дарунрави полиглюкинро то 10 – 15 мл/кг мегузаронанд. Хачми умумии моъеи гузаронидашавандаро аз руи дарачаи гиповолемия муайян менамоянд.

Хангоми ошуфтаги ё ихтилоч ба дохили мушак 2 – 4 мл махлули 0,5% диазепам гузаронида мешавад. Хангоми холати игмо (коматози) ва фалачи маркази нафаскаши интубасияи хирнойро анчом дода, ба нафаси сунъии шушхо  мегузаронанд. Хангоми захролудшави бо замбуруги захрдор беморро таъчилан  бистари менамоянд. Агар беморро кайкунии бисёркарата норохат кунад, маводхои зиди кайкуни таъин набояд кард, чунки кайкуни - механизми мухими химояви мебошад, ки  ба аз захрхо тозашавии бадан мусоидат менамояд. Бо хамин  сабаб низ бартараф намудани дарунрави бо воситаи маводхои доруги тавсия дода намешавад. Бо маводхои позахри (антидоти) ду мавод: бензилпенитсилин ва силибинин дохил мешавад. Бензилпенитсилинро то 3 шабонаруз авали пас аз истеъмоли замбуругхо дар гизо ба микдори 500 хазор - 1млн/кг вазни бадан 6 маротиба дар як шабонаруз истифода мебаранд. Моддаи таъсиррасонандаи мавод бо аммонитинхо пайваст шуда, комплекси кавиро хосил мекунад ва бо ин васила дохилшавии токсинхоро ба гепатоситхо  душвор месозад. Силибинин ба таркиби бисёр маводхои таъсири гепатопротекторидошта дохил мешавад ва ба вояи 30 мл/кг вазни бадан дар як шабонаруз  дар давоми 10-12 рузи  пас аз саршавии бемори таъин  карда мешавад. Позахрхоро дар мавриди шубха доштан ба захролудшави бо замбуруги захрноки паридаранг – то огози ба амал омадани аломатхои классисики, таъин намудан мумкин аст.

Айни хол захрнокии баъзе гуруххои алохидаи замбуругхо ба пурраги омухта нашудааст, вале маълумоти сарчашмахо аксаран мухолифат мекунанд. Дар навбати аввал ин ба бахияхо ва масткунандахои сохта дахл дорад, ки захрнокиашон аз мавзеи руидан вобастаги дорад. Аммо токсинхои дар онхо мавчудбуда: дар бахияхо - гиромитрин, дар масткунандахои сохта - фалла- ва аматоксинхо (токсинхои замбуруги захрдори беранг) – марговар мебошанд. Бинобар ин, аз истифодабарии онхо дар гизо худдори бояд намуд, хатто агар дар баъзе манбахои чудогона ин замбуругхо ба гурухи истеъмолшаванда ё шартан истеъмолшаванда мансуб бошанд.

Адабиётхо:

  1. Никитина О. А. Лабораторная диагностика грибных отравлений /О.А.Никитина А.И.Борисенко, Т.А.Золотарева //Успехи медицинской микологии: материалы первого Всероссийского конгресса по медицинской микологии. М., 2003. - Т.1. - С. 160-161.
  2. Отравление бледной поганкой /С.Г.Мусселиус, А.А.Рык, И.В.Александрова и др. //Современная микология в России. Первый съезд микологов России: тез. докл. -М/, 2002. С.268-269.
  1. Переведенцева Л.Г. Разнообразие агарикоидных ядовитых грибов Прикамья /Л.Г.Переведенцева //Успехи медицинской микологии: материалы первого Всероссийского конгресса по медицинской микологии. -М., 2003.-Т. 1. С.161-164.
  2. Попов П.А. Компоненты эндогенной интоксикации при острых экзогенных отравлениях гепатотропными микотоксинами /П.А.Попов //Современная микология в России. Первый съезд микологов России: тез. докл. -М., 2002.- С.270-271.

 

 

 

← Библеотека

Табибони мо

  • 8
    Янгибоева Барно Усмоновна

    Мудири шуъбаи ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона

    36
    Нарзулоев Ҳакризо

    Ходими пешбари илмӣ МД ” МҶИКП ва ҶК”

    14
    Ахмедова Меҳри Махмудовна

    Духтури ташхиси ултрасадо, ходими илми шуъбаи ташхиси функсионалӣ ва тадқиқоти лабораторӣ, духтури дараҷаи олӣ.

  • 34
    Ҳакимов Бабур Ҷалматович

    Ходими илмии шуъбаи амбулаторӯ-машваратӣ

    35
    Ҳукумзода Муниса Зиёратшо

    Мудири шуъбаи бемориҳои кудакони калонсоли МД «Маркази ҷумҳуриявии илмию клиникии педиатрӣ ва ҷарроҳии кӯдакона»

    3
    Бойматова Мартаба Бегматовна

    Ходими илмии шуъбаи ташхиси функсионалӣ ва таҳқиқотҳои лабораторӣ

  • 26
    Хамроева Дилафруз Ҳикматуллоевна

    Мудири шуъбаи кудакони калонсол

    5
    Насриддинова Барно Салоҳиддиновна

    Ходими илми шуъбаи бемориҳои сироятии кӯдакона

    27
    Бадалов Шамсиддин Алиевич

    рохбари шуъба

  • 28
    Ахмеджанова Малика Шамсидиновна

    Духтури ташхиси ултрасадо, роҳбари шуъбаи ташхиси функсионалӣ ва тадқиқоти лабораторӣ, духтури дараҷаи олӣ.

    30
    Файзуллоев Файзуллохоҷа Абдуллоевич

    ходими илми

    37
    Ҳокимова Фируза Гаджибалаевна

    ҳодими илм

  • 11
    Ќудратова Сурайё Нусратовна

    роҳбари шуъбаи бемориҳои сироятии кўдакона

    32
    Юнусбаева Мавҷуда Шарифҷоновна

    Роҳбари шўъбаи кўдакони навзод ва хурдсол

    20
    Холиқов Зиёратшо Ҳукумович

    Мудири шуъбаи Амбулаторию машварати

  • 22
    Давлатова Нигина

    Мудири шуъбаи проблемахои тиббию ичтимои ва иттилоот

ТЕЛЕФОНҲОИ БОВАРӢ

Маркази ҷумҳуриявии илмию клиникии педиатрӣ ва ҷарроҳии кӯдаконаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ш.Душанбе, хиёбони И.Сомонӣ, бинои №7 ММТ

табиби навбатдор:
+992 (372) 236-52-50

табиби навбатдори кӯдакона:
+992 (372) 236-85-52

қабули муроҷиатҳои шифоҳӣ:
+992 (372) 236-85-52

Шарикони мо

1 2 3 4 5