Газидани морхо T63.0

Берунории файл

Газидани морхо (T63.0)

Пешгуфтор. Газидани морхо, бахусус захрнокхо, метавонанд захролудихои экзогении вазнинро ба амал оранд.

Захри мор метавонад ба организми кудак таъсири чузъи ва умуми расонад. Кудакон дар мукоиса бо калонсолон захролудшавии бо газидани мор вобастабударо вазнинтар мегузаронанд, чунки дар ин маврид онхо вояи калони захрро (6 мг/кг) кабул менамоянд. Дар чои газида одатан дарди сахт эхсос шуда, кабудшави, варами бофтахои мулоим, лимфангит пайдо мешавад. Хангоми афзудани захролудшави аломатхои умумии захролудшави пайдо мешаванд: дилбехузури, кайкуни, вайроншавии хуш, алоигуи, хароратбаланди. Хунрезие, ки аввал дар чои газида ба вучуд меояд, бо рафти рагхо ва баъдан ба узвхои дохили пахн мешавад. Дар баробари ин, сустшавии мушакхо ба вучуд меояд, ки баъдан ба фалачи мушакхои устухонхо ва то катъ шудани нафас оварда мерасонад.

Максад: расонидани кумаки таъчили хангоми газидани морхо.

Популятсия: кудакон.

Истифодабарандагон:  табибони эхёгар, кудакона, табибони оилави ва табибони дигар сохахо.

Клиника. Аломатхои умуми садма, кайкуни ва дарди сарро дарбар мегирад. Чойи газидаро ташхис намоед: оё некроз, хунрави ё варами дардноки гиреххои лимфатикии наздикчойгирифта чой дорад. Аломатхои хос аз захр ва таъсири он вобаста мебошанд, ки ба онхо дохил мешаванд:

- садма;

- варами чойи газида, ки охиста – охиста метавонад ба болои андом пахн шавад;

- аломатхои гемораги – хунрави аз милкхои дандон, захмхо ё осебхои хурд, хунравихои дохириузви, аз чумла дохили косахонаи сар;

- аломатхои нейротоксикоз: нафаскашии мушкил ё фалачи нафаскаши, птоз, фалачи булбари (мушкили хангоми фурубари ва нутк), сустии мушакхои дасту пой;

- аломатхои заволёбии бофтахои мушаки: дардхои мушаки,ранги сиёх гирифтани пешоб.

Ёрии таъчили.

  1. Кудакро ором карда, хобонидан лозим аст (харакат пахншавии захрро аз чои газида метезонад).
  2. Тоза кардани захри баромадаистода. Захрро аз захм макида партофтан лозим аст (амал бехавф аст, чунки захри ба дахон ва меъда афтанда захролудшавиро ба вучуд меорад).
  3. Чои газидаро бо махлули кабуди бриллианти ё махлули спиртии йод коркард менамоянд. Бандинаи асептики мегузоранд.
  1. Буридани захм ё гузоштани бандина (жгут) мумкин нест.
  2. Бехаракаткунонии даст ё пой дар холати физиологи, ба даст ё пой додани мавкеи баландшуда, гузоштани пуфаки яхдор.
  3. Гузаронидани маводхои бедардкунанда ва зиддигистамини: махлули 50% аналгин бо вояи 0,1 мл/ба як соли хаёт д/м; махлули 2,5% пиполфена ё махлули 2% супрастин бо вояи 0,1-0,15 мл/ба як соли хаёт д/м.
  4. Хангоми ба амал омадани садмаи тахсоси гузаронидани табобати мувофик (ниг. ба протоколи «Садмаи тахсоси дар кудакон»).

Бистарикунони ба наздиктарин муассисаи табобати ё шуъбаи токсикологи таъчили мебошад.

Табобати шиддатнок ба безараргардонии захр, аз организм баровардани он ва нигохдории функсияхои узвхои хаётан мухим нигаронида шудааст. Барои безараргардонии захр зардобаи «Антигюрза» бо вояи 500 – 1000 АЕ хангоми дарачаи сабуки захролудшави, 1500 АЕ – хангоми дарачаи миёна ва 2000 – 2500 – хангоми дарачаи вазнин гузаронида мешавад. Зардоба бо усули зерипусти ё д/м, аввал 0,1 мл, пас аз 10 дакика боз 0,25мл ва дар сурати набудани таассур пурра бокимондааш ворид карда мешавад. Дар як вакт диурези тезонидашуда мегузаронанд. Махлулхои воридшаванда микдори кофии  витаминхои В1, В6, В12, викасол, чавхари аскорбин, хормонхоро бояд дошта бошанд. Гузаронидани бехисгардонии ѓилофи бо новокаин ё бехисгардонии паранефрали нихоят фоиданок мебошад.

Дар баробари усулхои нишондодашудаи табобат гузаронидани табобати шадид, ки ба ислох ва нигохдории функсияхои хаётан мухими организми кудак равона карда шудааст, зарур мебошад.

Дар сурати варами калони дасту пойхо, набудани  набз, мавчудияти дарди сахт ё некрози чойи газида кудакро ба чаррох нишон дихед. Кумаки чаррохи метавонад ин амалхоро дарбар гирад:

- бурида гирифтани бофтахои фавтида аз захм;

- хангоми зарурат буридани фастсияхо барои паст намудани фишори дохилии бофтахои мулоими дасту пойхо;

- хангоми некрозхои калон – ивазкунии пуст;

- трахеостомия (ё найчагузории хирной) хангоми фалачи мушакхое, ки дар чараёни фурубари иштирок мекунанд.

Адабиётхо:

  1. Аллергические болезни у детей /Под ред. Студеникина М.Е.. Тена С.И. - М. Медицина, 1998. - 352 с.
  2.  Василевский И.В., Чичко M.B., Курек В.В., Ежов Г.И. Неотложная педиатрия и реанимация //Справочник по детский болезням. - Минск. 1998. - 335с.
  3. Неотложные состояния в педиатрии /ПодрвД. Сидельникова 8.М -2-е изд.. перераб. и доп. - К : Здоровье. 1994 - 60S с
  4. Цыбулькин Э.К. Угрожающие состояния у детей (экстренная врачебная помощь) Справочник. 2-е изд. первраб. и доп. - СПб, 2000. - 216с.
  5. Михельсон В.А. Детская анестезиология и реаниматология. - М.. Медицина. 1985. 464с.
  6. Маълумотномаи киссагии ТУТ оид ба кумаки статсионари ба кудакон дар Чумхурии Точикистон, Душанбе-2013, 376 с.

 

 

← Библеотека

Табибони мо

  • 8
    Янгибоева Барно Усмоновна

    Мудири шуъбаи ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона

    36
    Нарзулоев Ҳакризо

    Ходими пешбари илмӣ МД ” МҶИКП ва ҶК”

    14
    Ахмедова Меҳри Махмудовна

    Духтури ташхиси ултрасадо, ходими илми шуъбаи ташхиси функсионалӣ ва тадқиқоти лабораторӣ, духтури дараҷаи олӣ.

  • 34
    Ҳакимов Бабур Ҷалматович

    Ходими илмии шуъбаи амбулаторӯ-машваратӣ

    35
    Ҳукумзода Муниса Зиёратшо

    Мудири шуъбаи бемориҳои кудакони калонсоли МД «Маркази ҷумҳуриявии илмию клиникии педиатрӣ ва ҷарроҳии кӯдакона»

    3
    Бойматова Мартаба Бегматовна

    Ходими илмии шуъбаи ташхиси функсионалӣ ва таҳқиқотҳои лабораторӣ

  • 26
    Хамроева Дилафруз Ҳикматуллоевна

    Мудири шуъбаи кудакони калонсол

    5
    Насриддинова Барно Салоҳиддиновна

    Ходими илми шуъбаи бемориҳои сироятии кӯдакона

    27
    Бадалов Шамсиддин Алиевич

    рохбари шуъба

  • 28
    Ахмеджанова Малика Шамсидиновна

    Духтури ташхиси ултрасадо, роҳбари шуъбаи ташхиси функсионалӣ ва тадқиқоти лабораторӣ, духтури дараҷаи олӣ.

    30
    Файзуллоев Файзуллохоҷа Абдуллоевич

    ходими илми

    37
    Ҳокимова Фируза Гаджибалаевна

    ҳодими илм

  • 11
    Ќудратова Сурайё Нусратовна

    роҳбари шуъбаи бемориҳои сироятии кўдакона

    32
    Юнусбаева Мавҷуда Шарифҷоновна

    Роҳбари шўъбаи кўдакони навзод ва хурдсол

    20
    Холиқов Зиёратшо Ҳукумович

    Мудири шуъбаи Амбулаторию машварати

  • 22
    Давлатова Нигина

    Мудири шуъбаи проблемахои тиббию ичтимои ва иттилоот

ТЕЛЕФОНҲОИ БОВАРӢ

Маркази ҷумҳуриявии илмию клиникии педиатрӣ ва ҷарроҳии кӯдаконаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ш.Душанбе, хиёбони И.Сомонӣ, бинои №7 ММТ

табиби навбатдор:
+992 (372) 236-52-50

табиби навбатдори кӯдакона:
+992 (372) 236-85-52

қабули муроҷиатҳои шифоҳӣ:
+992 (372) 236-85-52

Шарикони мо

1 2 3 4 5