ТАШХИСОТ ВА МУОЛИҶАИ КӮДАКОНИ АЗ ВАРИДРАГҲОИ ВАСЕЪШУДАИ ВАРИКОЗИИ СУРХНОЙ ХУНРАВӢ ДОШТА

Берунории файл

ПРОТОКОЛИ  № 3

ТАШХИСОТ  ВА  МУОЛИҶАИ КӮДАКОНИ АЗ ВАРИДРАГҲОИ ВАСЕЪШУДАИ ВАРИКОЗИИ СУРХНОЙ ХУНРАВӢ ДОШТА

I.  РАМЗИ ТББ – 10 –И 85.0

II. НОМГӮИ БЕМОРӢ – хунравӣ аз варидрагҳои васеъшудаи варикозии сурхной.

III.ТАШХИСОТ ДАР МАРҲИЛАИ ТОГОСПИТАЛӢ:

1) шикоятҳо, маълумотҳои шарҳи ҳоли ҳаёт ва беморӣ;

2) аломатҳои хунравии шадид (қайкунии хун, пайдошавии наҷосати сиёҳ (“мелена”));

3) истисқо (астсит) имконпазир аст.

Аломати  зоҳирии асосӣ ва мутлақи  хунравӣ қайкунӣ бо хуни сурхи баланд ё  “дурдаи қаҳвагӣ” мебошад. Дар баъзе кӯдакон,  хусусан  синни бармаҳал (то 3-сола), метавонад қайкунии  хунини  "фаввораӣ" пайдо шавад. Пас аз якчанд соат аз саршавии хунравӣ наҷосати сиёҳ пайдо мешавад.  Аммо дар мавриди хунравии фаровон, дар рӯда  метавонад  наҷосати  қатронмонанди моеъ  мушоҳида гардад.  Дар кӯдакони фишорбаландии  порталӣ ё дарвозаӣ (рагҳои даромадгоҳии ҷигар) дошта нисбат ба калонсолон қайкунӣ 2-3 маротиба бештар вомехӯрад. Суръати хунравӣ чунон бузург аст, ки дар ин гуна беморон дар муддати кӯтоҳ садмаи (шоки) ҳеморрагӣ инкишоф меёбад.

Вобаста аз касолат дар системаи вариди дарвозаӣ 5 шакли монеатро (блокадаро) ҷудо мекунанд:

- тоҷигарӣ;

- дохилиҷигарӣ;

- хориҷиҷигарӣ;

- омехта;

- ҳипердинамикӣ.

Хунравӣ бештар дар кӯдакони шаклҳои хориҷиҷигарии фишорбаландии порталӣ дошта мушоҳида мегардад. Дар  85 % беморон хунравӣ одатан ногаҳонӣ пайдо мешавад. Қабл аз пайдошавии он, тибқи маълумотҳои шарҳи ҳоли беморӣ метавонанд бемориҳои шадиди нафасӣ (респираторӣ) ва дигар бемориҳои сироятӣ, вайроншавии ғизогирии рӯдаӣ (энтералӣ), хуруҷҳои сулфа, издиёдии афзунбории асабӣ-рӯҳӣ ва ҷисмонӣ ба вуқӯъ биёянд. Баъзан  беҳолӣ, дарди шикам, падидаҳои бадҳазмӣ (диспепсӣ) мушоҳида мегарданд.

Дар кӯдакони уҷҷаки (сиррози) ҷигар дошта, баръакс қабл аз хунравӣ ҳама вақт бадшавии ҳолати умумӣ пайдо мешавад, зардшавии пӯст, зардии сафедпардаи чашмон  пурзӯр мешавад ё пайдо мешавад, истисқо (астсит) зиёд мешавад, тахикардия меафзояд, ихроҷи пешоб (диурез) коҳиш меёбад, нишондиҳандаҳои ҳолати вазоифии (функсионалии) ҷигар бад мешаванд.

IV. МУОЛИҶА ДАР МАРҲИЛАИ ТОГОСПИТАЛӢ -  доругиҳои хунбоздоранда (ҳемостатикҳо) ва зиддисадмаӣ. Беморро оҷилан ба шӯъбаи ҷарроҳияи кӯдакона бурдан зарур мебошад.

V. ТАШХИСОТ  ДАР МАРҲИЛАИ ГОСПИТАЛӢ:

1) ФЭГДС (дар давраи хунравии фаъол зиднишондодҳо мавҷуд нестанд).

Гиреҳҳои варикозӣ (васеъшуда) дар қисмҳои  субкардиалӣ, кардиалии сурхной, дар пайкар (тана) ва қаъри меъда ҷойгир мешаванд, андозаҳои диаметри онҳо дар ҳудудҳои  5-10 мм тағйир меёбанд.

 4 марҳилаи калоншавии гиреҳҳоро ҷудо мекунанд:

дараҷаи I – диаметри гиреҳҳои варикозӣ (васеъшуда) камтар аз 2 мм;

дараҷаи II  - диаметри гиреҳҳои варикозӣ (васеъшуда) 2-3 мм;

дараҷаи III  - диаметри гиреҳҳои варикозӣ (васеъшуда) 3-4 мм;

дараҷаи IV –гиреҳҳои варикозӣ  ба равзани сурхной  ё меъда хеле  пеш мебароянд, ки онҳо ба фарсоишҳо (эрозияҳо) ва решҳо пӯшида шудаанд ва хуншоранд.

Дар байни кӯдакони шаклҳои хориҷиҷигарии фишорбаландии порталӣ дошта, бемории эзофагит ва ҳастрит дар  90%  беморон ҷой дорад, дуоденит бошад - дар 40%.

Як қатор аломатҳои  эндоскопии номусоид:

- ранги кабудчатоби гиреҳҳо;

- хунрезӣ (хуншорӣ);

- ранги сурхи мухотпарда дар атрофи гиреҳҳои варикозӣ;

- хунравии тамосӣ имконпазир мебошад.

2) Вайроншавии системаи лахташавии хун.

3) Таҳқиқоти фавқуссадоӣ (УЗИ) – барои  муайян намудани сохтор ва хусусиятҳои анатомии ҷигар, сипурз ва ғадуди зери меъда, таҳқиқоти варидрагҳои системаи порталӣ, муқаррарсозии сатҳ ва хусусияти вайроншавиҳои гузарогии варидрагҳои системаи порталӣ.

VI. ТАШХИСОТИ ТАФРИҚАВӢ аз:

1) чурраи сӯрохии сурхнойии  диафрагма;

2) сурхнойи  кӯтоҳи модарзодӣ;

3) халазияи кардия;

4) ҳастрити фарсоишӣ (эрозивӣ);

5) алоими (синдроми)  Мэлори-Вейс;

6) салилаҳо (“полипҳо”) ва решҳои меъдаву рӯдаи дувоздаҳа;

7) бемории Верлгоф.

 

VII. МУОЛИҶАИ ХУНРАВИҲО

Боздоштани хунравӣ аз варидрагҳои варикозии васеъшудаи сурхной муаммои мураккаб мебошад ва дар баъзе вариантҳои услубҳо истифода бурда мешавад:

1) ғайриҷарроҳӣ (консервативӣ);

2) эндоскопӣ;

3) ҷарроҳӣ.

Муолиҷаи ғайриҷарроҳӣ дар шӯъбаи муолиҷаи вусъатнок, аз ҷониби духтури анестезиолог ва ҷарроҳ амалӣ гардонида мешавад:

- реҷаи бистарӣ;

- мустасно намудани ғизодиҳии рӯдаӣ (энтералӣ);

- муолиҷаи оксигенӣ;

- шустани меъда бо маҳлули  5% атсиди аминокапронӣ;

- гузоштани сардӣ ба минтақаи фавқишикамӣ;

-таслеҳи (коррексияи) вайроншавиҳои лахташавии хун (ҳемокоагултсия);

- гузаронидани миқдори хурди (50-40 миллилитрӣ) ҷузъҳои таркибии хун, бо назорати фишори варидии марказӣ (40-60 мм сут. об);

- бартарафсозии таъсири ҳамлавори (агрессивии) шираи меъда ба мухотпардаи сурхной (шустан,  антатсидҳо, сандостатин, серукал);

- фаъолсозии (барангезиши, стимулятсияи) бозсабзиши (таҷдиди, регенератсияи) мухотпардаи сурхной ва меъда.

Дар мавриди мавҷудияти манбаи хунравӣ ва варикози маҳдуд склерозикунонии (таҷаммуди) эндоскопӣ мувофиқи мақсад мебошад:

- тахдири (беҳискунонии, наркози) танбибӣ (интубатсионӣ);

- склерозикунонии (таҷаммуди) варидрагҳои сурхной;

- дар мавриди идомаёбии хунравӣ ин дармонро ҳар шабонарӯз то боздошташавии хунравӣ такрор намудан мумкин аст.

Истифодабарии  электрокоагулятсия бо мақсади боздоштани хунравӣ мумкин нест.

Пас аз муолиҷаи номуваффақонаи ғайриҷарроҳӣ дар муддати  48 соат, мудохилаи ҷарроҳӣ нишон дода шудааст:

-  лапаротомияи болоӣ-мобайнӣ;

- дӯхтани варидраги чапи меъда бо рафти каҷии (хамидагии) хурди меъда, баъзан бо зарурати чок кардани кисаи чарбуии калон;

-  гастротомияи кӯндаланг дар қисми даромадгоҳии  (кардиалии) меъда.

Дӯхтани дохилимеъдаии гузаргоҳи сурхнойӣ-меъдаӣ бо дарзҳои  "П" - шакл, тавассути риштаҳое, ки ҷаббида намешаванд- пролен, мерсилк, лавсан 2/0, 3/0 бо сӯзани гирда, гирдогирдӣ (доирашакл), бо периметри пардаҳои мухотӣ ва зермухотӣ.  Одатан  12-15 кӯкҳои гиреҳиро ба мухотпардаи меъда мегузоранд. Профилактикаи  тангшавии (стенози) сӯрохии сурхнойии меъдаро ба воситаи санде мегузаронанд, ки ба меъда тавассути бинӣ ворид карда шуда, бояд дар меъда дар муддати 4-5 шабонарӯзи баъди ҷарроҳӣ истад. Гулбандинаи (доираи, “розеткаи”)  сурхной пас аз дӯхтан бояд дар диаметр тақрибан 1,5-2,0 см (нӯги ангушти ишоравиро гузаронад) бошад. Меъда бо дарзҳои дуқатора дӯхта часпонида мешавад. Дар мавриди пайдошавии хунравии такрорӣ, дар давраи дур (дер) релапаротомия  ва гастротомия бо девораи пеш ё қафои меъда гузаронида мешавад.  Дар мавриди мавҷудияти раванди лиҳомии (часпидагии) калон, торакотомия аз ҷониби чапи қафаси сина, бо рафти фосилаи байниқабурғаии 7-ум иҷро карда мешавад. Қисми даромадгоҳии (кардиалии) сурхной  ҷудо карда мешавад. Эзофаготомияи тӯлӣ (дарозрӯягӣ) ва дӯхтани гиреҳҳои варидӣ тавассути риштаҳои ҷаббиданашавандаи  пролен 3/0, 4/0.

Истифодабарии  спленэктомия (баркандани сипурз) нораво мебошад.

VIII. МУОЛИҶАИ БАЪДИҶАРРОҲӢ:

- ғизодиҳии ғайриҳозимавӣ  (ғайрирӯдаӣ, парентералӣ);

- муолиҷаи хунбоздоранда;

- ҳепатопротекторҳо;

- антибиотикҳо;

- витаминотерапия;

- ғизои рӯдаӣ (даҳонӣ, энтералӣ) аз шабонарӯзҳои  4-5 - ум.

Таҳқиқоти фавқуссадоӣ ва  ФЭГДС – дар шабонарӯзи  10 – уми баъди ҷарроҳӣ. Дар мавриди мавҷудияти варикози куллии варидрагҳои сурхной, склерозикунонии (таҷаммуди) эндоскопии варидҳо барои пешгирии пайдошавии хунравӣ таъйин карда (гузаронида) мешавад.

IХ. НАЗОРАТИ ДИСПАНСЕРӢ.

Аз ҷониби духтурони педиатр ва ҷарроҳ дар ҷойи истиқомат, соле на камтар аз 2 маротиба гузаронида мешавад.

Чунин чорабиниҳо гузаронида мешаванд:

- назорати таҳлили умумии хун (нишондиҳандаҳои миқдори лейкотситҳо, эритротситҳо, тромботситҳо, сатҳи ҳемоглобин, ҳематокрит);

- назорати таҳлили  биокимиёии хун (сатҳи  билирубин, АЛТ, АСТ, озмоиши тимолӣ,  фосфатазаи ишқорӣ, алфа-амилаза);

- ФЭГДС;

- таҳқиқоти фавқуссадоӣ (УЗИ).

 

Адабиётҳо:

1. Акопян В.Г. Хирургическая гепатология детского возраста. М., 1982г.

2. Исаков Ю.Ф., Степанов Э.А., Красовская Т.В. Абдоминальная хирургия детского возраста. М., 1988г.

← Библеотека

Табибони мо

  • 8
    Янгибоева Барно Усмоновна

    Мудири шуъбаи ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона

    36
    Нарзулоев Ҳакризо

    Ходими пешбари илмӣ МД ” МҶИКП ва ҶК”

    14
    Ахмедова Меҳри Махмудовна

    Духтури ташхиси ултрасадо, ходими илми шуъбаи ташхиси функсионалӣ ва тадқиқоти лабораторӣ, духтури дараҷаи олӣ.

  • 34
    Ҳакимов Бабур Ҷалматович

    Ходими илмии шуъбаи амбулаторӯ-машваратӣ

    35
    Ҳукумзода Муниса Зиёратшо

    Мудири шуъбаи бемориҳои кудакони калонсоли МД «Маркази ҷумҳуриявии илмию клиникии педиатрӣ ва ҷарроҳии кӯдакона»

    3
    Бойматова Мартаба Бегматовна

    Ходими илмии шуъбаи ташхиси функсионалӣ ва таҳқиқотҳои лабораторӣ

  • 26
    Хамроева Дилафруз Ҳикматуллоевна

    Мудири шуъбаи кудакони калонсол

    5
    Насриддинова Барно Салоҳиддиновна

    Ходими илми шуъбаи бемориҳои сироятии кӯдакона

    27
    Бадалов Шамсиддин Алиевич

    рохбари шуъба

  • 28
    Ахмеджанова Малика Шамсидиновна

    Духтури ташхиси ултрасадо, роҳбари шуъбаи ташхиси функсионалӣ ва тадқиқоти лабораторӣ, духтури дараҷаи олӣ.

    30
    Файзуллоев Файзуллохоҷа Абдуллоевич

    ходими илми

    37
    Ҳокимова Фируза Гаджибалаевна

    ҳодими илм

  • 11
    Ќудратова Сурайё Нусратовна

    роҳбари шуъбаи бемориҳои сироятии кўдакона

    32
    Юнусбаева Мавҷуда Шарифҷоновна

    Роҳбари шўъбаи кўдакони навзод ва хурдсол

    20
    Холиқов Зиёратшо Ҳукумович

    Мудири шуъбаи Амбулаторию машварати

  • 22
    Давлатова Нигина

    Мудири шуъбаи проблемахои тиббию ичтимои ва иттилоот

ТЕЛЕФОНҲОИ БОВАРӢ

Маркази ҷумҳуриявии илмию клиникии педиатрӣ ва ҷарроҳии кӯдаконаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ш.Душанбе, хиёбони И.Сомонӣ, бинои №7 ММТ

табиби навбатдор:
+992 (372) 236-52-50

табиби навбатдори кӯдакона:
+992 (372) 236-85-52

қабули муроҷиатҳои шифоҳӣ:
+992 (372) 236-85-52

Шарикони мо

1 2 3 4 5