ПИЛОРОСТЕНОЗИ МОДАРЗОД

Берунории файл

ПРОТОКОЛИ  № 1 

 

ПИЛОРОСТЕНОЗИ МОДАРЗОД

I. РАМЗИ ТББ  (МКБ) -10 - Q40

Мафҳум

Пилоростеноз – нуқсони ташаккули қисми баввобии (пилорикии) меъда буда, барои он гиперплазия ва гипертрофияи қабати мушакӣ хос мебошад.

II. ШАКЛИ КЛИНИКӢ-  пилоростенози ҳипертрофии (захоматовари) модарзод  Q40.0.

III. АЛОМАТҲОИ КЛИНИКӢ ДАР МАРҲИЛАИ ТОГОСПИТАЛӢ:

- қайкунии "фаввораӣ" бе омехтаи талха;

- ибтидои беморӣ дар ҳафтаҳои 2-3 – юми ҳаёт;

- камшавии вазни бадан;

- лоғарӣ (ҳипотрофия);

- камшавии миқдори пешоб;

- наҷосати сахтшуда;

- қиёфаи "Гурусна"-и чеҳра;

3.1 Муолиҷа дар марҳилаи тогоспиталӣ:

- доругиҳои зиддиташаннуҷӣ (антиспастикӣ) дар муддати 1-2 шабонарӯз (атропингузаронӣ, электрофорези минтақаи меъда бо доруи но-шпа ё папаверин),

- таслеҳи (коррексияи) ғизогирӣ  (ҳисобкунии меъёри синнӣ, интихоби омеза, дарозшавии перистола),

- мавқеи баланди кӯдак дар бистар.

Дар мавриди бесамарии муолиҷаи ғайриҷарроҳӣ  - равон намудан ба шӯъбаи ҷарроҳияи кӯдакона,  бо мақсади пурратар муоина намудан, гузаронидани ташхиси тафриқавӣ, муқаррар намудани ташхис, муайян намудани амали (тактикаи) муолиҷавӣ.

IV. ПАДИДАҲОИ  КЛИНИКӢ  ДАР МАРҲИЛАИ ТОГОСПИТАЛӢ:

 - мавҷуд будани аломатҳои маъмулии клиникии пилоростеноз, ки дар боло баён карда шудаанд - мавҷуд будани аломати "соати регӣ";

- дар мавриди палмосидани (палпатсияи) шикам, имконияти  ошкорсозии баввоби (баромадгоҳи меъдаи) сахти ҳаракатнок болотар аз ноф ва аз тарафи рости он.

- дар мавриди таҳқиқи фавқуссадоии қисми баввобии (пилорикии) меъда – мавҷудияти баввоби меъдаи дарозиаш аз 16 мм бештар,  афзоишёбии  диаметри баввоби меъда бештар аз  14 мм, ғафсии қабати мушакиаш бештар аз 4 мм.

- дар мавриди  ФЭГДС – мавҷуд будани  эзофагит  ва норасоии даромадгоҳи меъда (кардия).

4.1. Ташхиси тафриқавиро бо бемориҳои зерин гузаронидан лозим аст:

- пилороспазм;

- рефлюкси меъдаӣ-сурхнойӣ (гастроэзофагеалӣ);

- кушодагии (халазияи) даромадгоҳи меъда (кардия);

- алоими (синдроми) адрено-гениталӣ;

- ғизогирии нодуруст;

- иллатёбиҳои СМА бо баландшавии фишори дохилиҷумҷумавӣ ва ғ.

Дар мавридҳои шубҳанок  тадбири иловагии ташхисӣ таҳқиқоти  рентгенологии маҷрои ҳозима мебошад. Барои  пилоростеноз аломатҳои (нишонаҳои) зерини рентгенологӣ хос мебошанд: калоншавии меъда, сустшавии тахлияи (эвакуатсияи) моддаи аксдиҳанда (контрастӣ) аз  меъда аз 2 то 5 соат, тангшавии баввоби (баромадгоҳи) меъда дар мавқеи уреби ҷониби рост, бо бавуҷудоии  "аломати нӯл (минқор)", камшавии миқдори  газҳо дар рӯда, таваққуфи моддаи аксдиҳанда (контрастӣ) дар меъда то ба 24  соат.

V. ОМОДАСОЗИИ ҚАБЛИҶАРРОҲӢ: дар шӯъбаи муолиҷаи вусъатнок аз ҷониби духтури тахдиргар (анестезиолог) бо мақсади таслеҳи (ислоҳкунии, коррексияи) вайроншавиҳои обӣ ва  электролитӣ ва ҳолати ҷавҳарӣ (атсидӣ)-ишқорӣ дар муддати  24-48 соат, вобаста аз ҳолати бемор гузаронида мешавад.

VI. МУОЛИҶАИ ҶАРРОҲӢ: пилоромиотомияи Фред-Рамштедт;  лапаротомияи кӯндаланг дар  квадранти росту болоии шикам пешниҳод карда мешавад.

VII. МУОЛИҶАИ БАЪДИҶАРРОҲӢ:

 - муолиҷаи тасрибӣ (инфузионӣ), бо мақсади таслеҳи (ислоҳкунии, коррексияи) ҳолатҳои вайроншудаи обӣ – электролитӣ, мубодилаи сафедаӣ ва атсидӣ-ишқорӣ,

- ғизодиҳии рӯдаӣ (энтералӣ) дар мавридҳои беаворизӣ пас аз  6 соати баъди ҷарроҳӣ, 10 миллилитрӣ шири пистон ё омезаи мутобиқкардашуда сари ҳар  2 соат, тадриҷан миқдори онро зиёд карда истода; дар мавридҳои аворизнокшуда (ҳангоми сӯрохшавии мухотпарда) – санди назогастралӣ ва гуруснагӣ дар муддати  24 соат, сипас – ғизодиҳии рӯдаӣ (энтералӣ), ҳамчунин аз  10 мл шири пистон ё омезаи мутобиқкардашуда сари ҳар 2 соат сар карда;

- антатсидҳо (музоддҳои ҳумузат) дар мавриди зарурат;

- захмбандӣ бо иваз намудани бандинаҳои  асептикӣ;

- гирифтани дарзҳо (кӯкҳо) дар шабонарӯзҳои  6 - 7 - ум.

VIII. НАЗОРАТИ ДИСПАНСЕРӢ: аз ҷониби  педиатр ва ҷарроҳ, дар ҷойи зист дар муддати 6 моҳ гузаронида мешавад.

 

Адабиётҳо:

1. Детская хирургия. Национальное руководство  (под редакцией акад. РАМН  Ю.Ф.Исакова, проф. А.Ф.Дронова) М: «ГЭОТАР-Медиа». 2009г. Стр. 322-328.

2. Исаков Ю.Ф., Степанов Э.А., Красовская Т.В. Абдоминальная хирургия у детей. М: Медицина 1988г., стр. 85-92.

← Библеотека

Табибони мо

  • 8
    Янгибоева Барно Усмоновна

    Мудири шуъбаи ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона

    36
    Нарзулоев Ҳакризо

    Ходими пешбари илмӣ МД ” МҶИКП ва ҶК”

    14
    Ахмедова Меҳри Махмудовна

    Духтури ташхиси ултрасадо, ходими илми шуъбаи ташхиси функсионалӣ ва тадқиқоти лабораторӣ, духтури дараҷаи олӣ.

  • 34
    Ҳакимов Бабур Ҷалматович

    Ходими илмии шуъбаи амбулаторӯ-машваратӣ

    35
    Ҳукумзода Муниса Зиёратшо

    Мудири шуъбаи бемориҳои кудакони калонсоли МД «Маркази ҷумҳуриявии илмию клиникии педиатрӣ ва ҷарроҳии кӯдакона»

    3
    Бойматова Мартаба Бегматовна

    Ходими илмии шуъбаи ташхиси функсионалӣ ва таҳқиқотҳои лабораторӣ

  • 26
    Хамроева Дилафруз Ҳикматуллоевна

    Мудири шуъбаи кудакони калонсол

    5
    Насриддинова Барно Салоҳиддиновна

    Ходими илми шуъбаи бемориҳои сироятии кӯдакона

    27
    Бадалов Шамсиддин Алиевич

    рохбари шуъба

  • 28
    Ахмеджанова Малика Шамсидиновна

    Духтури ташхиси ултрасадо, роҳбари шуъбаи ташхиси функсионалӣ ва тадқиқоти лабораторӣ, духтури дараҷаи олӣ.

    30
    Файзуллоев Файзуллохоҷа Абдуллоевич

    ходими илми

    37
    Ҳокимова Фируза Гаджибалаевна

    ҳодими илм

  • 11
    Ќудратова Сурайё Нусратовна

    роҳбари шуъбаи бемориҳои сироятии кўдакона

    32
    Юнусбаева Мавҷуда Шарифҷоновна

    Роҳбари шўъбаи кўдакони навзод ва хурдсол

    20
    Холиқов Зиёратшо Ҳукумович

    Мудири шуъбаи Амбулаторию машварати

  • 22
    Давлатова Нигина

    Мудири шуъбаи проблемахои тиббию ичтимои ва иттилоот

ТЕЛЕФОНҲОИ БОВАРӢ

Маркази ҷумҳуриявии илмию клиникии педиатрӣ ва ҷарроҳии кӯдаконаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ш.Душанбе, хиёбони И.Сомонӣ, бинои №7 ММТ

табиби навбатдор:
+992 (372) 236-52-50

табиби навбатдори кӯдакона:
+992 (372) 236-85-52

қабули муроҷиатҳои шифоҳӣ:
+992 (372) 236-85-52

Шарикони мо

1 2 3 4 5